"Гарон беҳикмат нест": Худоёрзода гуфт, чаро ҳаққи хадамоти IRS боло рафт

Худоёр Худоёрзода, ноиби мудири ширкати IRS тавзеҳ дод, ки чаро ҳаққи хадамоти ширкати муваззаф ба нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқ боло рафт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Худоёрзода, вазири нақлиёти собиқи Тоҷикистон ва ноиби феълии мудири ширкати роҳбон дар масири Душанбе – Чаноқ сабабҳои боло бурдани нарх аз ҷониби IRS-ро тавзеҳ додааст.
Ӯ дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” гуфтааст, 13 соли кори IRS собит намуд, ки пулакӣ кардани ин роҳ тадбири оқилона буда, барои дар ҳолати хуб ҳифз кардани роҳи стратегии кишвар мусоидат менамояд.
Вазири нақлиёти собиқ дар шарҳи болоравии ахири нарх ва интиқодҳо аз он изҳор доштааст, ки афзоиш ба ҳисоби миёна, бо назардошти 358 километр роҳ 7 фоиз аст, аммо баъзеҳо болоравии нархро таҳриф карда, онро то 50-70 фоиз арзёбӣ намудаанд.
Вай афзуд, дар давоми солҳои 2009-2021 бо вуҷуди зарурат IRS ягон бор таъруфаҳои худро боло набурдааст. Ӯ зикр намудааст, 90 фоизи автомобилҳое, ки аз роҳ мегузаранд, ба категорияи якум дохил мешаванд, яъне мошинҳои сабукраванд.

“Муқаррар шудани нархҳои пасттарин барои ин категория дар доираи сиёсати иҷтимоии корпоративи филиали ширкат далели он аст, IRS гирифтани фоидаи зиёдро дар назар надорад. Вагарна бояд баръакас бошад”, - далел овардааст Худоёрзода.

Сабаби дигарро ӯ ба болоравии қурби доллар рабт додааст, ки агар соли 2009 қурби як доллар ба 3,45 сомонӣ баробар буд, феълан ин нишондиҳанда муодили 11,3 сомонӣ мебошад.
Худоёрзода инчунин аз таваррум ва болоравии нархи сӯзишворӣ, ки барои мисол, литри бензин аз 3 сомонӣ ба 12 сомонӣ расидааст, низ ёдовар шудааст.
Инчунин зикр мешавад, ки агар соли 2009 кормандони филиали ширкат ҳамагӣ 24 нафар буданд, ҳоло 872 нафаранд.
Ба гуфтаи вазири собиқ, зимни таъйини нархҳои ҷадид ба пардохти ғайринақдӣ бартарӣ дода шудаааст ва гузаштан аз плазаи толлингии Варзоб, ки то ин вақт 3 сомониро ташкил медод, ҳамагӣ 4 сомонӣ хоҳад шуд.
Инчунин аз хароҷоти техникӣ, бунёди корхонаҳои асфалт, нигоҳдории роҳ, сохтмони пулҳо, соҳилмустаҳкамкунӣ ва ғайра аз дигар авомили таъсиргузор дар ҷиҳати афзудани ҳаққи хадамоти ин ширкат гуфта мешавад. Дар охир Худоёрзода аз мақоли халқӣ - "арзон беиллат нест, гарон беҳикмат" ёдовар шудааст.