Cуқути чархболи Ми-2 дар Ижевск

Чархболи Ми-2-и Русия ҳангоми тафтиши лӯлаи нафт дар Удмурт суқут кард. Дар дохили он 3 нафар буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Чархболи Ми-2 дар Ижевск фуруди изтирорӣ анҷом дод ва ба ҷои ҳодиса чархболи ёрирасон парвоз кард, хабар медиҳад хадамоти изтирорӣ.
Тибқи иттилои хадамоти ягонаи диспетчерӣ, ҳангоми суқут дар дохили ҳавопаймо 3 нафар буд.
Хабар дар бораи суқути чархбол тақрибан соати 14:00 ба вақти Маскав расидааст.
"Чархбол дар минтақаи Якшӯр-Бадин суқут кардааст. Дар дохили он ду халабон ва як мусофир буд", - омадааст дар хабар.
Сарнавишти афроди савори чархбол то ҳол маълум нест, гуфта мешавад, ки халабон тамос гирифтааст.
Дар Камчатка ҳавопаймои мусофирбар бо 20 сарнишин нопадид шуд
Маълум аст, ки ҳавопаймои Ми-2 дар Удмурт ҳангоми азназаргузаронии лӯлаи нафт ба чӣ иллате суқут кардааст.
Чархбол ба як пудратчии маҳаллӣ тааллуқ дорад. Дигар ҷузъиёти ҳодиса мушаххас карда мешаванд.
Кормандони ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд.
Чархбол дар деҳаи Чайковский, 80-километрии Ижевск суқут кардааст.