Маргхоҳӣ ба толибону ҷонибдорӣ аз Масъуд: Нахустин тазоҳуроти панҷшериҳо -видео

Панҷшериҳо пас аз он даст ба эътироз заданд, ки толибон як сокини Анабаро қатл карданд. Онҳо бо ҷанозаи марҳум ба кӯчаҳо рехтанд ва ба толибон маргхоҳӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сокинони Панҷшери Афғонистон бори нахуст алайҳи ҳукумати толибон ошкоро ба эътироз бархостанд.
Хабаргузории Aamaj News чанд навор аз лаҳзаи эътирози сокинони ин минтақаро нашр намуд. Гуфта мешавад, панҷшериҳо пас аз он ба кӯчаҳо рехтанд, ки як сокини шинохтаи ноҳияи Анаба аз сӯи толибон кушта шуд.
Сокинон ҷасади марди кушташударо дар кӯчаҳо бардошта, бо шиорҳое чун "Марг ба Иморати Исломӣ" ва "Зинда бод Аҳмади Масъуд" садо баланд мекарданд.
Манбаъ меафзояд, издиҳом афзоиш ёфта, ба сӯи бинои маъмурияти шаҳри Бозорак, ки дар он ҷо сутуни нерӯҳои толибон дар ин вилоят ҷойгир аст, равона мешаванд.
Эътирозгарон даъват намудаанд, ки дастандаркорони қатли ин сокини маҳаллӣ пайдо ва муҷозоти сахт дода шаванд.
Ин манбаъ зикр намудааст, ки назди эътирозгарон, Абдул Ҳомиди Хуросонӣ, раиси пулиси маҳаллии толибон баромадааст ва ҳоло ин қазия таҳқиқ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Панҷшер ҳамоно ягона минтақае дар Афғонистон боқӣ мондааст, ки ҳукумати толибонро қабул надорад ва баръакс сокинонаш алайҳи ҳукумати муваққат муқовимати шадид нишон медиҳанд.