ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Русия ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ ниёз надорад. Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, сиёсати шаффоф ва возеҳи муҳоҷират дар мубориза бо қонуншиканиҳо мусоидат мекунад.
"Нафароне, ки забони русиро медонанд, бояд ба Русия раванд, дар ин ҷо камаш 5 сол кор кунанд ва расман андоз супоранд. Муҳоҷирони ғайриқонуниро интизор нестем", - таъкид дошт ӯ.
Ба андешаи ӯ, хориҷиёне, ки намехоҳанд ба таври қонунӣ дар ин кишвар бимонанду фаъолият кунанд, сифати кор аз даст меравад ва илова бар ин онҳо "дарди сари иловагӣ" ҳастанд.
Зимнан, муовини сарвазири Русия таъкид намуд, ки шаҳрвандони Русия, ки дар хориҷ қарор доранд, бояд ба ватан баргардонда шаванд. Ӯ аз ҷумла аз ҷалб намудани шаҳрвандони Беларусу Украина ва русзабонҳо аз кишварҳои соҳили Балтика гуфт.
Ба таъкиди ӯ дар сурати баланд бардоштани маош ва таъмин намудани шароити созгор ин қабил шаҳрвандон ба Русия бармегарданд. Ӯ ҳамчунин аз ҷалб кардани маҳбусон ба кор дар сохтмонҳо гуфт.
Дар ҳамин ҳол, Хуснуллин зикр намуд, маоше, ки алъон барои муҳоҷирон барои кори 12 - соатии онҳо пардохт мешавад, русҳо ин миқдор маблағро дар 8 соати корӣ талаб мекунанд.
Ба гуфтаи Хуснуллин, афзоиши арзиши аслии кор ба баланд шудани нархи манзил оварда мерасонад. Ба боварии ӯ ин мушкилиро бояд қадам ба қадам ҳал кард.