Ҳушдори IRS аз шиддати барфрезӣ дар масири Душанбе - Чаноқ

Ширкати IRS, ки ба ҷамъоварии маблағ аз худравҳои роҳгузар дар масири Душанбе - Чаноқ машғул аст, аз шиддати барфрезӣ дар ин самт хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Барфрезӣ дар бархе аз қиматҳои шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ шиддат гирифта истодааст, ҳушдор дод IRS дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
IRS ба маълумоти онҳое, ки азми сафар аз тариқи роҳи Душанбе - Чанок доранд, расондааст, ки ронандагонро лозим аст, ки қабл аз сафар ба ҳолати техникии автомобилҳояшон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Доштани занҷир дар ин марҳила ба манфиати кор мебошад, таъкид шудаст дар муроҷиатномаи ширкат.
Ширкати мазкур илова намуд, ки феълан тамоми нерӯ ва техника барои роҳрӯбӣ равона шуда, ҳаракат барои тамоми намуди худравҳо муҳайё мебошад.
Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои охир дар масири Душанбе - Чаноқ барои анҷоми корҳои бозсозӣ ҳаракат аз тариқи нақби "Истиқлол" аз соати 9 то 13:00 рӯзона ва баъзан шабона низ маҳдуд мегардад.
Ширкати IRS ба ҷамъоварии маблағ ва нигоҳдории ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон машғул мебошад ва ахиран эълон кард, ҳаққи ҳаракат дар масири Душанбе - Чаноқро боло мебарад. Далели болоравии нарх афзоиши нархи молу маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла маҳсулоти нафтию техника ва беқурбшавии пули сомонӣ тайи солҳои охир арзёбӣ гардидааст.