Маълум шуд, Ғанӣ қудратро дар Афғонистон ба кӣ монданӣ буд

Фирори кишвардори Афғонистон, Ашраф Ғанӣ аксари сиёсатмадорони ин кишварро ҳайратзада кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон мехост, қудратро ба Шӯрои пирони умумиафғонистонӣ гузорад.
Дар ин бора сиёсатмадор Нодир Нодирӣ дар мусоҳиба бо The New York Times изҳор дошт. Ӯ яке аз иштирокдорони ҳайати раҳбари собиқи давлат дар музокирот бо толибон буд.
Ба гуфтаи Нодирӣ, ҳангоми парвоз ба Доҳа, ӯ итминон дошт, ки ҷонибҳо дар чанд рӯз ба созиш хоҳанд расид. Ба навиштаи The New York Times, пас аз ворид шудан ба шаҳр, сиёсатмадор аз фирори Ғанӣ ва ғасби қудрат аз ҷониби ҷангҷӯён огоҳ шуд.
"Ин фурӯпошии ҳама чизест, ки мо дар тӯли 20 сол барои сохтани он талош кардем. Ҳар як ғасби зӯроварии қудрат Афғонистонро ним аср ба ақиб мебарад", - таъкид кард Нодерӣ.
Ёдовар мешавем, ки ивази қудрат дар Афғонистон 15 августи соли 2021 сурат гирифт. Дар ин рӯз толибон, ки чанд моҳ бо артиши ҳукуматӣ меҷангиданд, пас аз тасарруфи манотиқи дигари кишвар вориди Кобул шуданд.
Ғанӣ бо аҳли оилааш аз Афғонистон ба Ӯзбекистон фирор карда, сипас ба Аморати Муттаҳидаи Араб парвоз кард.
Сафорати Русия дар Кобул гуфт, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон маблағи ҳангуфтеро бо худ бурд ва ҳоло толибон ин маблағро аз Ғанӣ талаб мекунанд.
Аммо собиқ раисиҷумҳур бо нашри як навор таъкид намуд, ки аз ин кишвар ягон маблағ берун набурдааст.
Ба гуфтаи Ғанӣ, ӯ аз тавтиъа алайҳи ӯ дар Афғонистон огоҳ буд ва ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки ба ҷумҳурӣ бармегардад.