ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳафтаи истироҳатии президенти Русия Владимир Путин қисман бо кор мегузарад. Дар ин бора сухангӯи президент, Дмитрий Песков хабар дод.
Ба гуфти ӯ, раҳбари Русия ба таври анъанавӣ Соли навро бо аҳли хонавода ва дӯстонаш таҷлил хоҳад кард.
"Аз рӯи анъана - бо оила ва бо дӯстон", - гуфт ӯ.
Ба гуфти ӯ, чанд рӯзи аввалро Путин мисли дигарон танҳо барои истироҳат истифода хоҳад кард. Бо вуҷуди ин, Песков таъкид кард, ки "сарвари давлат наметавонад пурра истироҳат кунад".
Ҳамчунин, котиби матбуотӣ гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки миёнаҳои таътили солинавӣ президент чанд вохӯрӣ баргузор кунад, аммо нишастҳои пурра ба нақша гирифта нашудааст.
Тавре Песков изҳор дошт, дар нақшаҳои Путин сафар ба Сочӣ барои лижаронӣ нест.
"Ман аз ин нақшаҳо хабардор нестам. То ҳол дар нақшаҳо чизе нест", - гуфт сухангӯ.
Қаблан дар нишасти хабарӣ Путин гуфта буд, ки чӣ гуна вақтҳои холигии худро мегузаронад. Кишвардор иқрор шуд, ки муштоқи суҳбат бо аҳли хонавода ва дӯстон аст.