Вазири энергетика гуфт, Тоҷикистон соли оянда ба низоми ягонаи энергетикӣ пайваст мешавад

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, дар назар аст, ки соли оянда кишвар дигарбора ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Барномаи пайвастшавии дигарбораи Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тайи ду соли охир дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Дар назар аст, ки Тоҷикистон соли 2022 ба низоми ягонаи минтақаӣ пайваст шавад, изҳор дошт Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об дар суҳбат бо нашрияи "Ҷумҳурият".
Ӯ афзуд, ки феълан корҳои техникӣ, сохтмонӣ ва таҷдидӣ идома доранд. Тавзеҳ дода шуд, ки пайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикӣ аз тариқи ғарбу шимоли Тоҷикистон ба воситаи хатҳои баландшиддати интиқоли барқ амалӣ хоҳад шуд.
Аз фурӯши барқи изофӣ то нерӯи офтоб: Шералӣ Кабир дар Маскав аз чӣ гуфт? - видео
Далер Ҷумъа бо зикри муҳимияти техникӣ ва низоми дифоъ, изҳор дошт дар ин лоиҳа технологияи муосир истифода мешаванд. Ӯ гуфт, кормандон аз омӯзишҳои такмили ихтисос гузаронда мешаванд.
Вазири тоҷик илова намуд, ки дар низоми ягона, маркази ҳамоҳангсозӣ - диспетчерӣ фаъолият дошт, ки бо назардошти талаботи нав дар ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо таҷдид мегардад.
Ӯ афзуд, феълан иқтидори содиротии Тоҷикистон, ки майли афзоиш дорад, танҳо мавсимист. Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, дар пайи фаъолшавии "Роғун" имконоти содироти нерӯ дар тамоми сол пайдо мешавад.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон таъкид намуд, ҳар киловатт нерӯи барқе, ки аз кишвар содир мешавад, сабз буда, аз манобеи барқароршаванда тавлид мегардад.