Пешниҳоди Тоҷикистон ба Эрон барои таъсиси корхонаҳои муштараки маводи ғизоӣ

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хостори эҷоди ширкатҳои муштараки тавлиди маҳсулоти ғизоӣ бо Эрон дар манотиқи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Паринози Пешдодиён, раиси Маркази тиҷории “Фикри бартар”-и Эрон дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати иқтисод ва савдои кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар ин дидор ба тарафи Эрон барои боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки корхонаҳои муштараки истеҳсоли обҳои минералӣ, инчунин хамираи помидор ва консервабарорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таъсис диҳанд.
Пешдодиён дар навбати худ аз пешниҳоди тарафи тоҷикистонӣ истиқбол ва хотирнишон кард, ки ин ибтикор боиси тақвияти бештари ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодии ду кишвар хоҳад шуд.
Омодагии ҷиддии Эрон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон: аз иқтисод то фарҳанг
Тарафайн ҳамчунин масоили марбут ба таҳия ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистону маркази тиҷории “Фикри бартар”-и Эрон ва мавзуоти муҳими ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол зимни дидор муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар 11 моҳи соли 2021 гардиши молии байни Эрону Тоҷикистон ба 93,2 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,6 миллион доллар бештар аст.
Саҳми тиҷорати мутақобил бо Эрон дар кулли гардиши молии Тоҷикистон тайи ин давра 1,7 дарсад буда ва дар сохтори тиҷорати хориҷӣ ин кишвар дар ҷойгоҳи нуҳум қарор дорад.