Раҳмон дар тӯли ду моҳ 60 иншоот ифтитоҳ кард

Эмомали Раҳмон, президенти Тоҷикистон танҳо дар тӯли ду моҳ аз 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ дидан кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии мақомоти вилояти Хатлон, танҳо дар давоми ду моҳ (сентябр – октябри соли 2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба 10 шаҳру ноҳияи ин вилоят сафари корӣ анҷом додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо иштироки бевоситаи раисҷумҳури кишвар зиёда аз 60 иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба истифода дода шудааст.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки дар маҷмуъ, давоми соли ҷорӣ 169 бино бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва зиёда аз 120 адад дар доираи сафар бо иштироки ҳайати ҳамроҳон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Аз бузи алпӣ то "бизони амрикоӣ": Раҳмон дар Ҳисор мамнуъгоҳи ҳайвоноти нодир кушод - акс
Манбаъ илова кардааст, иншооти ба истифода додашуда аз як тараф ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо мусоидат карда, аз тарафи дигар, ба ҳусни шаҳру ноҳияҳо зебоии хоса зам намуданд.
Мансабдорони Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ҳар сафари кории раисҷумҳур ба ин ё он вилояти кишвар, албатта, натиҷаҳои хуб ба бор меорад ва самарабахш мебошанд.