Дӯстум ба фармондеҳони ҷунбиш: Таърихи Дашти Лайлӣ такрор мешавад

Маршал Дӯстум, ноиби аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон гуфтааст, ки таърихи Дашти Лайлӣ такрор хоҳад шуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Манобеи наздик ба маршал Абдуррашид Дӯстум, раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии Афғонистон дар дидор бо генералҳо ва фармондеҳони ин ҷунбиш гуфтаанд, ки муқовимати худро алайҳи толибон ва таърихи Дашти Лайлӣ такрор хоҳанд кард.
Дар ин бора хабаргузории "Омоҷ нюз" иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, маршал Дӯстум ба фармондеҳонаш ваъда додааст, ки дар муқобили толибон истодагарӣ хоҳанд кард.
Ӯ ба фармондеҳони зертобеаш ваъда додааст, ки таърихи Дашти Лайлӣ такрор хоҳад шуд.
Сайёф, Нур, Муҳаққиқ, Дӯстум, Тодинхон: иттиҳоди нави зиддитолибонӣ арзи вуҷуд кард
Қаблан Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон дар саҳифаи фейсбукии худ аксе бо Дӯстум нашр карда буд, ки гуфта мешуд, он тайи "як мулоқоти дӯстона" гирифта шудааст.
Ин нахустин акси маршал Дӯстум пас аз суқути Афғонистон ба дасти толибон аст, ки зоҳиран дар Туркия гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, куштори нерӯҳои толиб дар Дашти Лайлӣ дар сентябри соли 2000-ум, замони ҳамлаи ИМА ба Афғонистон иттифоқ афтода буд.
Дар ин макон ҳини интиқоли толибони зиндонӣ аз Кундуз ба Шибирғон садҳо нафар аз онҳо ва тибқи баъзе манобеъ, ҳазорон нафар аз ҷониби низомиёни таҳти роҳбарии Дӯстум қатл шуданд.