Зодрӯзи Ҷӯрабек Муродов ва Ҳаётой Муъминова: 24 декабр дар таърих

Бисту чаҳоруми декабр дар Либиё Рӯзи истиқлол ва дар Молдова Рӯзи Конститутсия аст
Sputnik

Рӯзи 24-юми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод?

Соли 1969 дар Иттиҳоди Шӯравӣ гурӯҳи ташаббускори ҳимояи ҳуқуқи инсон таъсис шуд.

Рӯзи 24-юми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод?

Соли 1940 Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таъсис ёфт.
Соли 2009 дар шаҳри Ӯш ҷаласаи навбатии дурӯзаи муштараки Комиссияи байниҳукуматии баррасии масъалаи ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Зодрӯзи Шаҳодат Тоҳирова: 23 декабр дар таърих
Соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони "Тоҷикистону Чин — як оила" барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.
Соли 2015 парлумони Тоҷикистон Созишномаи минтақаи савдои озодро, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2011 имзо шуда буд, тасдиқ намуд.
Соли 2015 Амри президенти Тоҷикистон дар бораи ҳавасмандгардонии варзишгарон ва муаррифии ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш ба имзо расид.

Ҷашнҳои 24 декабр

Дар Ливия – Рӯзи истиқлол;
Дар Молдова – Рӯзи Конститутсия.

Рӯзи 24-юми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Соли 1934 — Муҳаммадалӣ Мадиброҳимов, олим;
Соли 1942 - Ҷӯрабек Муродов, сароянда, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ;
Соли 1962 - Ҳаётой Муъминова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.