Толибон хабари пешниҳоди шаш миллион доллари СММ-ро рад кард

Ба гуфтаи коршиносон, пардохти маблағ ба толибон метавонад низоми таҳримҳоро нақз кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон маълумот дар бораи пешниҳод шудани шаш миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби СММ барои ҳифзи иншооти ин созмон дар Афғонистонро рад кард.

"Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гузоришҳои расонаҳои хабарӣ дар бораи пешниҳоди шаш миллион доллари СММ бар ивази таъмини амнияти намояндагиҳо ва кормандони он дар Афғонистонро рад кард ва онро дурӯғ мешуморад", - омадааст дар хабари ин вазорат

Ёдовар мешавем, рӯзи сешанбе хабаргузории "Reuters" бо такя ба як санади дохилии СММ хабар дод, ки як созмони байналмилалӣ қасд дорад, ба толибон маблағи дар боло зикршударо ба манзури таъмини ҳифзи иншоот ва коргарони Созмони Милал дар Афғонистон пардохт кунад.
СММ ба толибон шаш миллион доллар пешниҳод кард
Аз ҷумла, чаҳор миллион доллар барои зиёд кардани маоши посбонон пешбинӣ шудааст ва бо ихтисос додани ин маблағҳо интизор меравад, маоши моҳонаи посбонҳо ба 319 доллар баробар шавад.
Пешниҳод шудааст, ки барои посбонҳо ҳамчунин 90 доллар кумаки ғизоӣ дода шавад ва барои ин ихтисос додани боз 2 миллион доллари дигар пешниҳод шуда буд.