ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар шаҳри Маскав байни мақомоти корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон машваратҳо баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотииВазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, роҷеъ ба мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав суханронӣ шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати тарафҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Россия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русияро дар самти амният ва муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар сатҳи дуҷониба ва дар чорчӯби сохторҳои бисёрҷониба муфассал муҳокима намудаанд.
Мантаъ таъкид карда, ки яке аз мавзуъҳои асосии ин мулоқот вазъи афғонистон будааст.
"Перомуни масъалаи амнияти минтақавӣ бо дарназардошти вазъи кунунӣ дар Афғонистон мубодилаи амиқи афкор сурат гирифт", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки машваратҳо дар руҳияи созандаи корӣ доир гардиданд.