Нишасти матбуотии Владимир Путин - навори пурра

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 23-юми декабр нишасти хабарии бузург баргузор мекунад. Ин 17-умин суханронии солонаи раҳбари Русия аст
Sputnik
Раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии "Манеж" суханронӣ мекунад.
Имсол ба далели чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар аз кормандони ВАО ба толор роҳ дода шуданд.
Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.
Саволҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия дахл доранд, ки баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор низ рабт мегиранд.
Мавзуъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23-уми декабр марбут ба натоиҷи дарёфтии иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳанд буд.
Ёдовар мешавем, ки раҳбари Русия бори нахуст 20 сол қабл ба суолҳои хабарнигорон дар чунин шакл посух дода буд.
Он замон суҳбат 1 соату 35 дақиқа тӯл кашид ва дар ин муддат раисҷумҳури Русия 22 мавзуъро шарҳ дод.
Тӯлонтарин гуфтугӯи президенти Русия бо намояндагони расонаҳои русӣ ва хориҷӣ ҳафтумин нишасти матбуотӣ буд, ки 14 феврали соли 2008 баргузор шуд. Дар рафти он, давоми 4 соату 40 дақиқа раҳбари Русия ба 106 саволи рӯзноманигорон посух дода буд.