ДУШАНБЕ, 23 дек – Sputnik. Манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки раиси вилоят зимни сафараш аз чанд қисми ҳарбии мустақар дар дохили шаҳр ва ҷамоати Чоркӯҳ боздид намуд.
“Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳон сарбозони қисмҳои ҳарбии дохили шаҳрро табрик намуда, аз он ҷо ба Чоркӯҳ омаданду ҳамаи сарбозон ва афсаронро ба омад-омади Соли Нави милодӣ табрик намуданд. Қарор аст, ҳоло аз Чоркӯҳ ба Ворух сафар карда, аз вазъи қисмҳои ҳарбӣ боздид ва сарбозонро ба оғози соли 2022-и мелодӣ табрик намоянд”, - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Сафари Аҳмадзода ба шаҳри Исфара дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки шаби гузашта, тахминан соатҳои 22:00 хонаи як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи Исфара аз сӯйи қирғизҳо мавриди тирборон қарор гирифт.
Бар асари тирпаронии ҷониби қирғизҳо тирезаҳои манзили зисти Муҳаммадҷон Довудов, сокини деҳаи Сомониёни Исфара шикаста ва дару деворҳояш сӯрох шудаанд.
Вуқуи ин ҳодисаро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тирпаронӣ оинаҳои хонаи Муҳаммадҷон Довудов шикаста, тирҳо то ба ҷойи хоб ва деворҳои хона расидаанд.
“Тирҳо танҳо ба дару девори хона бархӯрдаанд. Хушбахтона, касе аз аҳли хонавода ҷароҳат набардоштааст, ҳоло вазъ ором аст”, - гуфт Шомадов.
Рӯзи гузашта низ раиси вилояти Суғд аснои сафари кориаш аз қисмҳои низомии воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон боздид кард. Хадамоти матбуотии ҳукумати Суғд иттилоъ дод, ки Аҳмадзода ҳини сафараш бо шароити қисмҳои ҳарбӣ шинос шуда, сарбозону афсаронро бо фарорасии Соли Нави мелодӣ табрик намудааст.
Мавриди зикр аст, ки зуҳри рӯзи 22-юми декабр низ дар дар сарҳади миёни ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон тирпаронӣ рух дод.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунад. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.
Ёдрас менамоем, 17 декабр низ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи ноором дар марзи Тоҷикисону Қирғизистонро шарҳ дода гуфт, дар деҳаи Сомониён сохтмони ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон мунҷар ба муноқиша шудааст.
Бинобар нақли КДАМ, он гоҳ сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқӣ бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ барпо намуд, аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд.
Зимнан маълум нест, ки Аҳмадзода ҳангоми ин сафараш ба Исфара ҳодисаи тирпарронии дишабаро бо масъулони ҳукумати вилояти Ботканди Қирғизистон ба баррасӣ мегузоранд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.