ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Коҳиши иқтисоди Русия бар асари пандемия 3% -ро ташкил дод, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ дар "Манеж".
Дар ҳамин ҳол кишвардор таъкид кард, эҳёи ин бахш дар кишвар нисбат ба дигар кишварҳо ба маротиб зудтар сурат гирифтааст.
"Иқтисоди мо, ки бо чолишҳо ва маҳдудиятҳои маҷбурӣ дар иқтисод рӯбарӯ шуда буд, ба ҳар ҳол назар ба бисёре аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ҳатто агар мо G20-ро бигирем, бештар сафарбар ва ба зарбаҳо омода шуд", - гуфт Путин.
Тибқи гузориши Путин, сатҳи ММД дар охири соли 2021 - 4,5% дар назар аст.
"Дар моҳи октябр ин нишондод 4,6 фоизро ташкил дод", - гуфт сарвари давлат.
Путин афзуд, афзоиши даромади воқеии аҳолӣ то охири сол, тибқи пешгӯии коршиносон, 3,5 дарсадро ташкил хоҳад дод.
Раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии Манеж суханронӣ мекунад.
Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.
Саволҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия дахл карда, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор низ дахл доранд.
Мавзуъҳои аслии суханронии Путин дар 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар кишвар ва ҳамчунин моякӯбӣ хоҳад буд.