Раисҷумҳур дар бораи тақдири Донбасс гуфт

Созишномаи Минск, ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, ягона санади созиши имконпазир дар мавриди Донбасс мебошад, вале Киев намехоҳад онро иҷро кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Владимир Путин дар посух ба "суоли ояндаи Донбассро кӣ муайян мекунад?" посух дод, ки "танҳо сокинони ин минтақа".
Путин зикр кард, нақши Русия дар ин раванд миёнҷигарӣ аст, аммо ҳоло раванде ҷараён дорад, ки моро дар нақши як тарафи низоъ нишон медиҳанд. Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия, мушкилот дар ин хусус вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт, тибқи созишномаи Минск, Украина муваззаф аст, Қонуни Асосии худро ислоҳ, мухтории минтақаро таъмин, интихобот баргузор ва афв эълон кунад.
Аммо президент гуфт, Киев бар ивази кор дар ин бахш қӯшунҳои худро ҷо ба ҷо мекунад.
Созишномаи Минск ягона созиши имконпазир дар Донбасс аст, аммо Киев намехоҳад, ки онҳоро иҷро кунад.
Пайвастшавии Қрим ба Русия дар шарҳи Путин
Ёдовар мешавем, 23 декабри соли 2021 президенти Русия Владимир Путин нишасти матбуотии бузург баргузор кард.
Мавзуъҳои асосии нишасти матбуотӣ натиҷаҳои иқтисодии соли 2021, пандемияи коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар нақлиёт ва ваксина буданд.
Пайвастшавии Қрим ба Русия дар шарҳи Путин
Чунин формати мулоқоти Путин бори аввал соли 2001 баргузор гашт. Мулоқот беш аз яку ним соат идома кард ва дар ин муддат раисҷумҳури Русия ба 22 суол посух дод.
Тӯлонтарин нишасти матбуотии Путин бо рӯзноманигорон ҳафтумин нишасти хабарии ӯ дар 14 феврали соли 2008 буд.
Он 4 соату 40 дақиқа тӯл кашид ва раҳбари Русия ба 106 суоли хабарнигорон посух гуфт.