ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир тақрибан 60 дарсади аҳолии калонсол дар Русия бар зидди коронавирус эм карда шудаанд, гуфт президенти Русия, Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ дар Манеж.
"Дар Русия ҳоло 59,4% масунияти оммавӣ мавҷуд аст. Инҳо ҳам онҳое ҳастанд, ки сиҳат шудаанд ва ҳам онҳое ҳастанд, ки ваксина гирифтаанд. Ҳудуди 70 миллион нафари мо ваксинаи аввалро гирифтанд", - гуфт президент.
Владимир Путин қайд кард, ки ҳоло кишвар ба 80 дарсадии масуният ниёз дорад дорад ва ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки соли оянда, дар семоҳаи якум ё дуюм ба ин дараҷа мерасанд.
Путин қайд кард, ки дар баъзе кишварҳо пешниҳод карда мешавад, ки беш аз 90-95 дарсади ҷамъияти умумӣ ваксина карда шаванд.
Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар толори Манеж дар доираи нишасти бузурги матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад.
Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Саволҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия дахл карда, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор низ дахл доранд.
Мавзӯъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR - код дар кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳад буд.