ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik, Петр Акопов. Русия дигар ба худ иҷоза намедиҳад, ки дар қиболи норӯшанӣ, номуайянӣ, таҳдидҳои нав, ҳарчанд идомаи таҳдидҳои қаблӣ бошанд ҳам, дудила шавад. Чунон ки президент дар коллегияи ба қарибӣ барпогардидаи Вазорати мудофиа хеле рӯшан гуфта буд: "Оё онҳо фикр мекунанд, ки мо ин таҳдидҳоро намебинем? Ё гумон мекунанд, мо ба таҳдид алайҳи Русия бесадо менигарем? Масъала ин аст, ки мо ҷое барои ба содагӣ рафтан надорем".
Гап на дар бораи он аст, ки "мо хамӯшона гузашт кардем", балки дар бораи он хоҳад буд, ки мо рӯирост напурсидем. Албатта, ин рамзист, вале ба вуҷуд омадани "ултиматуми Путин" дар солгарди пошхӯрии ИҶШС, ки 30 сол аз он рӯзгор гузашт, як тасодуф аст. 24 декабри соли 1991 Русия ИҶШС-ро дар Шӯрои Амнияти СММ иваз кард, рӯзи дигар аз болои Кремл парчами сурх фуроварда шуд ва 26-умин парлумони иттифоқ дар бораи барҳам додани Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул кард.
Сӣ сол пеш бузургтарин фалокати геополитикии садаи бистум ба вуқуъ пайваст ва тамоми ин солҳо Русия оқибатҳои онро бартараф кард. Ин раванд ҳанӯз ба охир нарасидааст ва мо ҳич гоҳ гузаштаро барҳам зада наметавонем. Ғайр аз ин харобаҳои ИҶШС пас аз шикаст ба муддати тӯлоние намудор хоҳанд буд. Аммо маҳз дар 30-юмин солгарди барҳам хӯрдани ИҶШС Владимир Путин ба масъалаи варосати Русия аз давлати шӯравӣ нуқта гузошт.
Мо на танҳо вориси ҳуқуқию таърихи Русия дар тамоми шаклу марҳалаҳои он (аз Руси киевӣ то ИҶШС), балки мо хамон Русияем. Ва дар ин ҷойгоҳ мо дар пеши душмани таърихии худ, ки ҳоло онро Ғарб меноманд, хати сурхи хеле мушаххас мекашем. Ин мафҳумро мерасонем, ки мо таслим шудан намехоҳем ва ақибнишинӣ ҳам карданӣ нестем, на барои Брест ва на аз Днепр.
Пас аз нашри лоиҳаҳои созишномаҳо боз дар бораи нақшаҳои Путин дар бораи барқарорсозии ИҶШС сарусадо ба миён омад, вале лозим нест, ки чизи гумшударо барқарор кунем, мо мехоҳем як чизи нав созем. Аммо дар ҳамон қаламравҳо, зеро ин қаламравҳои ҷаҳони Русия, нуфузи Русия, фазои Русия мебошанд. Суқути ИҶШС ин фактро бекор карда наметавонист ва ва акнун мо онро бо садои баланд ба тамоми чаҳон хотиррасон мекунем.
Путин 30-юмин солгарди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро на бо эъломи нияти барқарории ИҶШС, балки бо кашидани хатти ниҳоии давраи пасошӯравӣ, давраи парокандагӣ ва номуайянӣ таҷлил кард. Бале, Русия дар авоили солҳои 2000-ум ба ақибнишинии худ хотима дод ва дар соли 2007 омодагии худро ба ҳамлаи ҷавобӣ ба таври ошкор эълон кард.
Аммо Ғарб ҳатто бо нақшаҳои мо дар бораи реинтегратсияи фазои пасошӯравӣ фикр кардан намехост, бо итминон, ки он метавонад Русияро то абад бо марзҳои Федератсияи Русия маҳдуд кунад. Як фиреби соддалавҳона ва хатарнок, зеро он якбора ду тамоюли асосии геополитикиро нодида мегирифт.
Заъфи умумӣ ва буҳрони Ғарб нокомии лоиҳаи глобалии он аст, яъне атлантикчиён қудрате надоранд, ки қаламравҳои хориҷиро дар доираи нуфузи худ муддати тӯлонӣ нигоҳ доранду сарҳади муваққатии байни Ғарбу Русияро доимӣ намоянд. Ғарб қонуни ҷозибаи марказӣ дар таърихи Русияро ба эътибор нагирифтааст, ки мувофиқи он, ақсоми парокандаи давлат бори дигар ба ҳам оварда мешаванд. Англосаксонҳо мехостанд, ки ин ду қонунро якбора вайрон кунанд ва то чанде пеш ба он пофишорӣ мекарданд.
Ҳоло Путин барои Ғарб як шарти оддиеро гузоштааст - эътироф кардани ҳуқуқи Русия на танҳо ба ҳастию амният, балки ба оянда низ. Ин бидуни барқарор кардани ҳадди ақал ягонагии геополитикии фазои Русияи таърихӣ ғайриимкон аст ва мухолифати Ғарб ба ин танҳо як таҳдид ба мавҷудияти мо нест.
Бо дарки қонуни ташаккули шумо, яъне ҳаёти тамаддуни русӣ талош мешавад, шуморо дар бистаре ба номи "барҳам додани ИҶШС" биншонанд. Барҳам хӯрдани тттиҳоди мо бо айби худи мо ба амал омад, на аз шикасти афсонавӣ дар ҷанги сард. Бинобар ин масъалаҳои барқароркунӣ низ пеш аз ҳама кори дохилии мост.
Бале, онҳо ба вазъияти ҷаҳон, бо муносибатҳо бо дигар марказҳои нерӯ бевосита алоқаманданд, вале чизи асосӣ ҳиссиёт, ирода ва хоҳиши худи мост. Мо намехоҳем, ки бо ҳеҷ кас ҷанг ва ҳатто бархӯрд намоем, вале мо наметавонем ва ҳуқуқ надорем, ки аз роҳ, таърих ва қонунҳои ташаккули худ даст кашем. Ин хиёнат ба худ, ба ҳамаи наслҳои халқи мо, чӣ ба гузаштагон ва чӣ ба наслҳои оянда хоҳад буд.
Аз ин рӯ талабҳои имрӯзаи моро набояд ултиматум ё мавқеи тиҷоратӣ арзёбӣ кард. Ин танҳо як изҳороти воқеият, кашидани хатти душвортарин давраи таърихи пасошӯравии мо ва эъломияи бозгашти Русияи таърихӣ ва эътимоди он ба ояндаи худ аст.