ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар Русия ҳеҷ кас барои саркашӣ аз моякӯбӣ таъқиб намешавад, гуфт Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ.
"Зарурати ҷорӣ кардани чораҳои шадиди алайҳи ваксинбезорҳо ҷой дорад? фикр мекунам, на. Агар даст ба фишороварӣ занем дарҳол роҳҳои гурез пайдо мешаванд", - тавзеҳ дод президенти Русия.
Президент, таъкид кард, ки ба мухолифони ваксина эҳтиромона муносибат карда, зарурати эмгузарониро ба онҳо босаброна фаҳмондан лозим аст.
Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин дар толори Манеж дар доираи нишасти бузурги матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳад.
Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Саволҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия дахл карда, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор низ дахл доранд.
Мавзӯъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR - код дар кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳад буд.