Омодагии ҷиддии Эрон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон: аз иқтисод то фарҳанг

Мақомоти Эрон дар бораи баргузории ду ҷаласаи маҷозӣ ва пайгирии асноди тавофуқшудаи чаҳордаҳумини иҷлоси Кумиссиюни муштараки Эрону Тоҷикистон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Муҳаммадалии Фараҳнокиён, мушовири вазири нерӯ дар умури байналмилал бо ишора ба ҷаласаи пайгирии чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиюни муштараки Эрону Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷаласаҳо масоили тавофуқшуда дар санади чаҳордаҳумини иҷлоси кумиссиюн, тарҳу баррасӣ ва охирин иқдомоти суратгирифта тавассути ҳар ду тараф гузориш шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй” дар истинод ба Вазорати нерӯи Эрон.
Ин мансабдори эронӣ афзуд, ки нахустин ҷаласоти Кумитаи пайгирии чаҳордаҳумин иҷлоси Кумиссиюни муштараки Эрону Тоҷикистон дар ду ҷаласаи мутаволии субҳу баъд аз зуҳр бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатии муртабит ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.
Фараҳнокиён афзуд, дар ин ҷаласа тарафҳо дар хусуси мавзуоти мухталифе чун тиҷорат ва бозаргонӣ, санъат, бонкӣ ва мутолибот, омӯзишу парвариш, улум, таҳқиқоту фанноварӣ, мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкӣ, варзишу ҷавонон ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ баҳсу табодули назар карданд.
Парлумони Эрон омодаи тақвияти равобит бо Тоҷикистон аст
Мушовири вазири нерӯ илова кард, ки дар ҷаласаи намояндагони вазоратхонаҳои марбут ба мавзуоти муҳими дигар санади Комиссиюни муштарак, дар бораи масоилу мушкилоти гумрукии ду кишвар, ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳамлу нақли ҷодаии коло ва мусофир, ҳамкориҳои байниустонӣ, интизомӣ, кишоварзӣ, иртибототу фанноварии иттилоот, нафту газ, барқу энержӣ, обу фозилоб ва муҳити зист баҳсу табодули назар карданд.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард.
Зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.