Низомиёни Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тирпаронӣ карданд

Нерӯҳои тирандози пойгоҳи 201-и Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон машқ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон террористони "шартӣ"-ро ҳангоми машқҳои кӯҳӣ нобуд карданд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии Ҳавзаи марказии низомӣ.
Тирандозони пойгоҳ дар майдони кӯҳии Лоҳур машқ карданд.

"Беш аз 500 тирандоз амалиёти муштаракеро дар зимни ҳуҷуми душмани шартӣ тамрин карданд. Тибқи нақшаи амалиёт, "душман" кӯшиш кардааст, то ба қаламрави пойгоҳ ворид шавад ва иншооти муҳими низомӣ, аслиҳа ва техникаи ҳарбиро забт кунад", - гуфта мешавад дар паём.

Дар ҷараёни тамрин низомиён ҳамларо бомуваффақият рафъ намуда, роҳҳои фирори “террористон”-ро баста, онҳоро бо истифода аз аслиҳаи стандартии БМП-2 маҳв карданд, мегӯяд хадамоти матбуотӣ.
Дар ҷараёни машқҳо низомиён аз тӯпҳои 30 мм 2А42 ва пулемётҳои танкии !Калашников", ки дар БМП-2 насб шудаанд, тирпаронии назоратӣ анҷом доданд.
Пешгирии "ҳамлаи мусаллаҳона" ба пойгоҳи 201-ум
Ҳайати шахсӣ бо мошинҳои зиреҳпӯш, тӯпҳо, гранатомётҳо, инчунин нерӯи душмани шартӣ ба ҳама ҳадафҳо бо муваффақият зарба заданд.
Тирпаронӣ ҳам аз масофаи кӯтоҳ ва ҳам масофаи то 1,5 ҳазор метр гузаронда шуд.
Тасвиби протокол: Русия 103 бинои низомиро ба Тоҷикистон медиҳад
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон - бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Пойгоҳ дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.