Ҳушдори КҲФ аз сармои шадиду яхбандӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистониёнро рӯзҳои истироҳатӣ ва оғози ҳафтаи оянда ҳавои сард интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки 26-27 декабр дар кишвар ҳавои сард дар назар буда, дар водиҳо борон ба барф мубаддал мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва дар ғарби ВМКБ, дар баъзе ҷойҳо боридани барфи зиёд дар назар аст.
Дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8-10 дараҷа паст шудани ҳарорат дар назар аст.
Ҳамзамон аз фардо то 27 декабр дар баъзе ноҳияҳо фаромадани меҳро пешгӯӣ мекунанд.
Ҳавосанҷон гуфтанд, зимистони тоҷикистониён чӣ гуна хоҳад буд
Илова бар ин пешгӯӣ мешавад, ки дар пайи бориши барфи тар резиши санг дар ҷодаҳои кӯҳӣ ва яхбандӣ ба вуҷуд меояд.
Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҳушдор медиҳад, ки бар асари шамолу резиши барф осеб дидани ноқилҳои барқ, шикастани дарахтон ва ҳамчунин осеб дидани лавҳаҳои таблиғотӣ имконпазир аст.
Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чарогоҳ, захира кардани ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистонӣ худдорӣ кунанд.
Илова бар ин сокинон бояд ҳангоми истифодаи гармкунак ва бухорӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя кунанд, тавсия додааст КҲФ.