ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тоҷикистон аз аввали соли 2021 ба маблағи беш аз 2,6 миллиард сомонӣ (234 миллион доллар) ба унвони нафақа ва кумакпулӣ пардохт кардааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, то 1 декабри соли 2021 дар кишвар ҳудуди 746 ҳазор нафар нафақахӯр ба сар мебурд, дар ҳоле ки дар аввали сол шумораи аҳолии ғайриқобили меҳнат 728,9 ҳазор нафарро ташкил медод. Ҳамин тавр шумораи нафақагирон 16 ҳазор нафар афзудааст.
Ёдовар мешавем, соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ нафақа ва кумакпулӣ пардохт кардааст.
Бино ба иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар буҷаи давлатии соли 2021 барои суғурта ва ҳифзи иҷтимоӣ беш аз 4,1 миллиард сомонӣ (363 миллион доллар) пешбинӣ шудааст.
Ин маблағ 14,8 фоизи қисми умумии хароҷоти буҷаи давлатии кишвар барои соли равонро ташкил медиҳад.
Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба соли 2020 262,8 миллион сомонӣ ё 6,7 фоиз зиёд аст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёми солонааш ба парлумон аз афзоиши пардохти моҳона ба афроди бознишаста ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар нимаи соли 2022 ҳаҷми нафақа ва стипендия дар Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ба бахшҳои иҷтимоӣ авлавият дода шудааст, ки тақрибан нисфи маблағҳои буҷаи давлатӣ барои он пешбинӣ гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки миқдори миёнаи нафақа дар кишвар 318 сомониро ташкил медиҳад. Андозаи нафақаи пиронсолӣ, яъне бе собиқаи корӣ 187 сомонӣ аст.