Рӯзи энергетика дар Тоҷикистон: 22 декабр дар таърих

Бусту дуюми декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетика, Рӯзи мотами миллии Мексика, Рӯзи модар дар Индонезия ва Рӯзи миллии математика дар Ҳиндустон мебошад
Sputnik

Рӯзи 22-юми декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1857 дар Русия нахустин маротиба марка барои мактубҳо ба фурӯш бароварда шуд.
Соли 1917 ворид кардани нӯшокиҳои спиртдор ба Канада манъ карда шуд.
Соли 2009 Сербия барои ворид шудан ба Иттиҳоди Урупо ариза пешниҳод намуд.

Рӯзи 22-юми декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1990 аввалин ҳизби мухолифи Туркманистон — Ҳизби демократӣ таъсис дода шуд.
Соли 2008 дар шаҳри Маскави дар мавзӯи "Нақш ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятии миллӣ дар сохтори ҷомеаи шаҳрвандии Русия" бахшида ба 10—солагии Қасри миллатҳои Маскав ва солгарди навбатии таъсиси созмони ҷамъиятии Иттифоқи тоҷикистониёни Русия ҷамъомад баргузор гардид.
Зодрӯзи Бердиев ва Исоматов: 21 декабр дар таърих
Соли 2009 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” машварати корӣ доир намуд.
Соли 2010 дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Конвенсияи байни Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя тасдиқ гардид.
Соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарон ва соҳибкорони ду мамлакат форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи "20 соли равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ" конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Соли 2014 вакилони парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак"-ро муҳокима намуданд.

Ҷашнҳои 22 декабр

Рӯзи энергетика дар Тоҷикистон;
Рӯзи мотами миллии Мексика;
Рӯзи модар дар Индонезия;
Рӯзи миллии математика дар Ҳиндустон.

Рӯзи 22-юми декабр кӣ ба дунё омадааст?

Амирхудои Давлатихудо (1936) – сароянда, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Саодат Баситова (1920 – 2001) – кимиёшинос, профессор;
Ғиёс Баҳриев (1930)- олими соҳаи техника, профессор;
Лев Гранов (1906 – 1983) – доктори илми тиб, профессор.
Домулло Ҳалим (Ибодов) (1878 – 1940) – мақомхон;
Наримон Мадалиев (1931 – 2003) – доктори илми геологӣ, профессор;
Татяна Моисенко (1896- 1983)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон;
Ниёзмаҳмад Мусоев (1952) – актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Аҳад Самадов (1922 – 1980) – арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;
Чамангул Сатторова (1954) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
Лев Сутулов (1906 – 1975) – доктори илми тиб, профессор;
Чиллахон Холов (1957) – сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.