ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар поён рафта, ҳоло 1000 рубл 0.1523 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл дар кишвар барои 1000 рубл 152,5 сомонӣ медоданд.
Арзиши асъори аврупоӣ низ поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.7566 сомонӣ қимат дорад. Ду рӯз қабл дар кишвар бар ивази 1 евро 12.7899 сомонӣ медоданд.
Ин асъор тайи чанд моҳи ахир мунтазам устуворияшро аз даст медиҳад.
Арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ дошата, ҳафтаи навро бо каме болоравӣ оғоз кардааст. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст. Ду рӯз пеш ин нишондиҳанда ба 11.2985 сомонӣ баробар буд.
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.7566 то 12.9300 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1523 то 0.1535 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.