ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Пиронсолон ва одамоне, ки бемориҳои музмин доранду ваксина нагирифтаанд, бештар гирифтори омикрон мешаванд.
Дар ин бора Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар Русия хабар дод.
"Ҷараёни ин беморӣ дар одамони ваксиншуда ва онҳое, ки қаблан мариз шуда буданд, сабуктар мегузарад", - омадааст дар хабари ситод.
Коршиносон ёдовар шуданд, ки омикрон нисбат ба дигар навъҳои коронавирус хосияти сироятии бештар дорад ва масунияти инсон ҳам дар қиболи ин навъ аз вирус заифтар аст.
Гуфта мешавад, бо таваҷҷуҳ ба паҳншавии навъи нави коронавирус дар Русия эҳтимоли роҳандозии маҳдудиятҳои нав, аз ҷумла масдуд шудани равобити ҳавоӣ бо дигар кишварҳо вуҷуд дорад.
Ҳоло вуҷуди омикрон аллакай дар 94 давлат сабт шудааст.
Маълумоти нав бобати ин навъ пас аз анҷоми таҳқиқоти олимони рус бо мутахассисони Африқои Ҷанубӣ пайдо шуд. Бояд гуфт, аз 13 то 22 декабр 20 нафар аз мутахассисон дар Африқои Ҷоунбӣ, ки он ҷо бори аввал ин штамм сабт гардид, тадқиқот гузаронданд.