Аз истихборот то мудофиа: Пешниҳоди созишномаҳо бо Ӯзбекистон ба парлумони Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарорҳои ҳукумат созишномаҳо бо ҷониби Ӯзбекистонро дар бахши мудофиаю истихборот барои тасвиб пешниҳод кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони кишвар созишномаҳоеро пешниҳод намуд, ки моҳи июни соли равон дар доираи сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Душанбе имзо шудаанд.
Дар ин феҳраст, аз ҷумла созишнома байни Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи ҳавоӣ мебошад.
Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар барои ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои авиатсияи давлатӣ ҳангоми ҳолатҳои рафънопазир ё "форс-мажор" аз ҷумлаи санадҳои дигаре мебошад, ки президенти Тоҷикистон ба парлумон пешниҳод намудааст.
Ҳимояти Шӯрои федералӣ аз ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон
Санади сеюми пешниҳодгардида ба Маҷлиси намояндагон созишнома байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ мебошад.
Ҳамаи ин санадҳо 10 июни соли равон, дар доираи сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Душанбе имзо гардидаанд.
Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст, ки созишномаҳои мазкур аллакай дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ гардидаанд. Интизор меравад, ки санадҳои мазкур дар ҷаласаи наздиктарин тасвиб шаванд.