ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, аз рӯи шумораи фавтидагон, коронавирус аз ВНМО, вараҷа ва сил пеш гузаштааст.
Ба гуфтаи Тедрос Адан Гебрейесус, мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз аввали соли 2021 беш аз 3,3 миллион фавт аз коронавирус сабт шудааст. Ин рақам аз шумораи умумии фавтидагон аз бемориҳое чун ВНМО, вараҷа ва сил дар соли 2020 зиёдтар аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳар ҳафта дастикам 50 ҳазор нафар қурбони коронавирус мешаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари мавориди фавт бидуни сабт мемонанд.
Роҳбари СҶБ афзуд, дар айни замон штамми омикрон нисбат ба штамми делта зудтар паҳн мешавад ва ин аллакай расман собит шудааст.
Ҳамзамон муайян шудааст, ки штамми мазкур эҳтимол теъдоди зиёди нафарони ваксинагирифта ва ҳамчунин онҳоеро, ки қаблан гирифтори ин дард гардида буданд, сироят кунад.
СҶБ аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки идҳои дарпешистода метавонанд боиси авҷи ин вирус гарданд, ки дар натиҷа ба афзоиши ҳолатҳои фавт мусоидат менамояд. Ин созмон даъват намудааст, ки дар шароити феълӣ бояд аз баргузор кардани таҷаммуот ҷилавгирӣ шавад.