Шойгу аз интиқоли терроризм аз Афғонистон ба кишварҳои СААД гуфт

Вазири дифои Русия аз эҳтимоли мувоҷеҳаи мантақа бо хатароте аз Афғонистон ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, ноором шудани вазъ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ба кишварҳои СААД ва афзоиши қочоқи маводи мухаддирро афзоиш медиҳад.
"Нооромии вазъ дар Афғонистон хатари интиқоли терроризм ва маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои СААД-ро ба вуҷуд меорад", - таъкид кард Сергей Шойгу дар нишасти густурдаи Вазорати дифоъ бо иштироки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
Шойгу ҳамчунин афзуд, Вазорати дифоъ вазъи Афғонистонро таҳти назорат гирифтааст ва ба ҳама таҳдидҳои амниятӣ омодааст, ба таври ҷиддӣ вокуниш нишон диҳад.
Душман рахна нахоҳад кард: СААД террористонро ба Осиёи Марказӣ роҳ намедиҳад
Ёдовар мешавем, чанде пеш Александр Гребенкин, муовини дабири Шӯрои амнияти Русия гуфта буд, ки аз вазъият дар Афғонистон чандон хушбин нест ва таҳдидҳои нави бузургро дар бахши қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва муҳоҷирати беназорат ба вуҷуд меорад.
Вай гуфта буд, "ҷангҷӯён ва террористон аз Афғонистон метавонанд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва тавассути Қазоқистон аз он ҷо ба Русия ворид шаванд".