ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ба парлумон аз кори мутахассисони дохилӣ интиқод карда, дар бораи эътиқоди мардум ба молу хизматрасониҳои хориҷӣ гуфт ва ба тарбияи мутахассисони касбӣ дар ин самт таъкид кард.
Ӯ гуфт, ҳамагирии коронавирус нишон дод, ки доштани мутахассисони касбӣ то чӣ андоза муҳим аст. Президент таъкид кард, ки аксари мансабдорон ҳатто барои табобати дарди сару дандон ба кишварҳои хориҷ мераванд.
"Махсусан хизматчиёни давлатӣ ва аъзоёни ҳукумат, сараш дард кунад медавад хориҷа. Ҷаноби олӣ ҷавоб диҳед, ки хориҷа меравам", - гуфт Раҳмон ва афзуд, ки ба табибони худ эътиқод надорем.
Президент таъкид кард, ки дар асри нав бояд ба тарбияи мухатассисони баландихтисос диққат дод. Ӯ гуфт, агар давлат олимони босавод, иқтисоддонони боқувват надошта бошад, танҳо ба фоидаи давлатҳои хориҷӣ кор мекунад.
"Мо пахта дорем, вале ҳунар надорем. Ҳамаи чизро аз хориҷ мехарем, ҳатто ҷелаку саллаю ҷойнмозамон хориҷӣ аст. Бо ин мо давлатҳои хориҷиро рушд медиҳем. Бо ҳамин давлатдорӣ карда мешавад?", - суолгузорӣ кард президент.
Дар ин росто, раисиҷумҳур ба волидон муроҷиат кард, ки дар тарбияи фарзандони худ ҳушёр бошанд ва роҳ надиҳанд, ки онҳо хурофотпараст шаванд.
"Ояндаи тақдири фарзандонро аз ҳоло бахбахт насозед ба хурофот талқин накунед, мо мегузарем ва ояндаи фарзандонамон чӣ мешавад дар қади кӯча мемонанд, муҳтоҷ мешаванд", - гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки барои ҳамқадами замона будан, омӯзиши илм ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.