"Писарам, чаро нахондӣ?" Раҳмон гуфт, киҳо баъди 10 сол вазиру вакил мешаванд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, вакилону вазирони ҷумҳурӣ баъди 10 сол чӣ гуна малакаю дониш хоҳанд дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, баъди 10 сол ҳукумату парлумон ва дигар ниҳодҳои идории давлатӣ аз кадрҳое иборат хоҳанд буд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро медонанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумон пешниҳод кард, ки масъалаи таъйини кадрҳои забондон ба мақомҳои роҳбарии давлатӣ омӯхта шавад. Ӯ афзуд, лоиҳа дар сатҳи ҳукумат ва аз ҷониби олимон мавриди баррасӣ қарор дода шавад.
Маош ва нафақа дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
Роҳбари давлат муҳим хонд, ки баъди 10 сол бояд аъзои ҳукумат, вакилон дигар мақомдорони давлатӣ бояд кадрҳое бошанд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро ба мисли забони модарияшон донанд. "Инро ҳатман ҷорӣ кардан даркор", - таъкид намуд Раҳмон.
"Баъзан ҳуқуқшиносҳою иқтисоддонҳоеро, ки ба кор дар вазорату идораҳо қабул мешаванд, мепурсад, кадом забони хориҷиро медонанд. Намедонанд", - изҳор дошт раисҷумҳур.

"Чаро нахондӣ писарам?", - суол гузошт Раҳмон ва худаш посух дод, ки далели чунин ҳолат низоми куҳнаи таълим аст, ки омӯзгорон конспектҳои куҳнаро варақ мезананду аз фанновариҳои нави иттилооотӣ истифода намекунанд.

"Худамонро фиреб мекунем. Фақат коғаз дода истодаем", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини кадрҳои баландихтисос роҳандозии ислоҳот дар низоми таълимро муҳим хонд.