Ошкор шудани беш аз чаҳор ҳазор қонуншиканӣ дар самти замин дар Хатлон

Мақомоти Хатлон эълон кардаанд, ки дар 11 моҳи соли равон дар вилоят 4 ҳазору 271 қонуншиканӣ марбут ба додани замин ошкор шудааст, ки аз он 639 ҳолаташ ғасби худсарона мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Далер Турамуродзода, муовини аввали раиси Кумитаи идораи замини вилоят дар мусоҳибат ба сомонаи “Фараж” хабар додааст, ки дар давоми 11 моҳи соли равон кормандони Кумитаи замини вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо 4 ҳазору 271 қонуншиканӣ дар ин хусусро ошкор намудаанд.
Ба гуфтаи вай, дар ин давра нисбати се ҳазору 720 нафаре, ки даст ба қонуншиканӣ зада буданд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, 3 ҳазору 670 ҳолати он бартараф карда шуд.
Мансабдори вилояти Хатлон таъкид намудааст, ки дар ин давра 639 ҳолат дар майдони 136,69 гектар замин худсарона аз тарафи шаҳрвандон ғасби карда шуда буд, ки аз он 91,33 гектараш заминҳои кишоварзӣ ва 45,36 гектари дигараш ғайрикишоварзӣ мебошад.
Дар вилояти Хатлон 20 қарори раусо ботил шуд
Зикр шудааст, ки афардои қонуншикан ба маблағи зиёда як миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд, ки ин аз ин маблағ як миллиону 508 ҳазору 449 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои идораҳои замини шаҳру ноҳияҳо ворид карда шудааст.
Манбаъ илова кардааст, ки барои бартараф намудан ва маҷбуран ситонидани маблағҳои ҷарима 290 парванда ба прокуратура ва 338 парвандаи дигар ба суд пешниҳод шудааст.
“Дар натиҷа 226 қонуншиканӣ дар майдони 67,08 гектар замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст”, - қайд кардааст Далер Турамуродзода.