ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Баррасӣ ва тасвиби созишнома барои ташкили низоми муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 24-уми декабри Шӯрои федаралӣ дар назар аст.
Таъкид мешавад, ки барои ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ минтақаи алоҳида дар қаламрав ва фазои Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
Бар асоси ин санад, низоми муштараки ҳавоӣ дар замони осоишта ҷонибҳоро аз пайдо шудани воситаҳои кайҳонии иктишофӣ огоҳ ва марзҳои ду кишвар назорат менамояд.
Ҳамчунин ин низом ҳавопаймоҳоеро, ки қоидаҳои парвоз дар фазои ду кишварро нақз мекунанд, водор месозад, ки ин амалро қатъ намоянд.
Низоми муштараки падофанди ҳавоии Русия ва Тоҷикистон ҷузъи низоми муштараки кишварҳои узви ИДМ буда, ҳадафаш тақвияти дифои ҳавоӣ мебошад.
Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон пас аз ташдиди вазъ дар минтақа ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоиро ба суди амнияти ҷумҳурӣ донист.
Ҳамоҳангии амалиёти нерӯҳои муштараки мудофиаи ҳавоиро фармондеҳи нерӯҳои ҳавоию кайҳонии Русия анҷом медиҳад.
Созишнома барои панҷ сол имзо шуда, баъдан муҳлати амалаш ба таври худкор тамдид мешавад.
Қаблан ҳукумат ва Думаи давлатии Русия ташкили низоми муштараки падофанди ҳавоиро тасвиб карда буд.