Маълум шуд, ки Душанбе Соли Навро чӣ гуна ҷашн мегирад

Барои сокинон ва меҳмонони Душанбе дар остонаи Соли Нав дар чанд бозор ярмаркаҳои идона ташкил мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Пеш аз Соли Нав дар Душанбе ярмаркаҳо дар бозорҳои бузурги пойтахт ташкил мешаванд, хабар доданд ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳр.
Ба иттилои манбаъ, феълан шаҳри Душанбе пурра барои таҷлили ин ид омода шудааст.

"Мо аллакай шаҳрро барои Соли Нав оро додем, дар хиёбонҳо чароғҳои дурахшон рӯшан кардем, дар тамоми навоҳии шаҳр арчаҳои солинавӣ гузошта шуданд. Дар хиёбони Рӯдакӣ хонаҳои махсус гузошта шуданд, ки дар он ҷо туҳфаҳои солинавӣ фурӯхта мешаванд", - гуфт манбаъ.

Илова бар ин манбаъ афзуд, ки дар остонаи Соли Нави милодӣ якбора дар чанд бозор ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ мешаванд, ки дар он ҷо молу маҳсулот назар ба нархи бозор арзонтар хоҳад буд. Ин ярмаркаҳо дар бозорҳои зерин ташкил мешаванд:
"Меҳргон";
"Деҳқон";
"Саховат";
"Ховарон";
"Корвон".
Маврид ба зикр аст, ки ярмаркаҳои солинавӣ дар Душанбе аллакай соли чорум аст, ки баргузор мешаванд.
Дарахти мудерн: дар Душанбе арчаи солинавӣ қомат афрохт - акс
Аммо манбаъ дақиқан нагуфт, ки барномаи идона дар шаби 31 декабр ба 1 январ дар пойтахт баргузор мешавад ё на. Танҳо зикр намуд, ки дар ин робита ҳоло тасмими Ситоди ҷумҳуриявиро интизоранд.
Дар мавриди рӯзҳои истироҳатӣ зикр гардид, ки 31 декабр дар Тоҷикистон рӯзи корӣ буда, се рӯзи оянда, аниқтараш якум, дуюм ва сеюм рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд.