ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар наздиктарин фурсат дастрасии пурра ба ваксинаи қобили эҳтиёҷашро хоҳад дошт. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кишвар дар умум ба 12 миллион воя ваксина ниёз дорад ва ҳоло наздик ба 8,5 миллион ба кишвар ворид шудааст.
Ӯ гуфт, дар рӯзҳои оянда дар доираи барномаи COVAX боз воридоти 2 миллиону 900 ҳазор вояи дигари ваксинаи "CoronaVac" дар назар аст.
Норасоии боқии ваксина, ба қавли ин масъул, дар моҳҳои аввали соли оянд пурра ҳал хоҳад шуд.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳамзамон масъалаи задани ваксинаи сеюм низ дар ҳоли баррасӣ аст.
Аммо ба гуфти Ҷаъфаров, он танҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тазриқ мешавад, ки танҳо пас аз моякӯбӣ шудани бештар аз 60 фисади аҳолӣ ин шароит фароҳам мешавад.
Бино бар охирин омори Вазорати тандурустии Тоҷикистон, беш аз 58,1 дарсади шаҳрвандони ҷумҳурӣ зидди бемории коронавирус моякубӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар Тоҷикистон 3 миллиону 386 ҳазору 686 нафар бар зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд.
Ин 58,1 фоизи аҳолии калонсол (боло аз 18-сола)-и кишварро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, вояи дуюмро то кунун 2 миллиону 754 ҳазору 739 нафар аз шаҳрвандони кишвар, яъне 47,3%-и аҳолии калонсол дарёфт кардаанд.
Дар Тоҷикистон тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, ки аз 3 июли соли ҷорӣ нашр шуд, эмгузаронии зидди COVID-19 барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад.
То кунун дар чаҳорчӯби механизми COVAX ва дар шакли кумаки башардӯстона ба кишвар тақрибан нуҳ миллион вояи ваксинаҳои зидди коронавирус ворид шудааст.
Ҳангоми эмкунии аҳолӣ бар зидди COVID-19 аз ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Pfizer", "Moderna" ва "Sputnik V" истифода мешавад.