ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik, Ирина Алкснис. Моҳияти шӯхӣ аён аст - бисёре аз шаҳрвандони Русия ҳангоми пуштибонӣ аз сиёсати раисҷумҳури Русия мехоҳанд, ки ӯ дар аксар вақт сахтгиртар амал кунад.
Мулоҳизакории Путин, тамоюл ба ҳалли марҳилаии ва ҷустуҷӯи созиш, қобилияти эҳсоси нашудан, эҳтиром ба ӯро зиёд мекунад, аммо дар айни замон, баъзе қувваҳо онро ҳамчун заиф ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо онро хиёнат ба манфиатхои миллӣ медонанд. Ин хусусан ба масоили сиёсати берунӣ вобастааст, ки ба гуфтаи ватанпарастон, раисҷумҳури Русия дар давоми чандин соли зиёд хушмуомилаву дудилагӣ мекард.
Хушбахтона, аксари шаҳрвандони кишвар хирадмандӣ ва дурустии стратегии бархӯрди Путинро хуб медонанд. Дар ҳоле, ки Русия сиёсати нармрашро агар ногаҳон вайрон кунад ҳамкорони ғарбӣ асабонӣ мешаванд, — зеро ин ҳамеша аломати вазъияти фавкулоддаест, ки паси он ҳодисаҳои ғайричашмдошт ва дигаргуниҳои куллиро бояд интизор шуд.
Ахииран Русия тасодуфӣ набуд, ки пас аз нашри созишнома аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва тафсиру таҳлили созишномаҳо бо Амрико ва НАТО, аз тарафи коршиносон истилоҳи "хати сурх" ба ин маъни вориди ситилоҳоти сиёсӣ шуд.
Давлати Русия он чизеро, ки мехостанд, анҷом дод. Ҳатто бархе аз нерӯҳои сиёсӣ ингуна иқдомотро солҳои зиёд талаб мекарданд. Аммо ин икдом ба хати анъанавии сиёсати берунии мо он кадар мухолиф аст, ки ин нишонаи он аст, киҳодисаҳои ғайримукаррарӣ рух медихад. Азбаски сухан дар бораи масъалаҳои низомӣ меравад, сабабҳои бештар барои асабонӣ шудан вуҷуд дорад.
Вазъият боз ҳам ба хотири он бад шудааст, ки дар равобити Русия ва Ғарб дар давоми тақрибан ҳашт сол як силсила бӯҳронҳои шадид ба миён рмадааст . Муҳити заҳролудшудаи сиёсати хориҷӣ бо гунаҳгор донистани Русия дар ҳама гуноҳҳо ба ҳадде маъмулӣ шудааст. Чаро ним сол пеш, вақте дар Ғарб сарусадоҳои расонаӣ-сиёсӣ авҷ гирфта буд, Русияро ба ниятҳои таҷовузкорона нисбат ба Украина муттаҳам намекард? Чаро пас аз қазияи Скрипал ё суқути Боинг дар болои Донбасс ва ё иттиҳоми Русия дар ҳамлаҳои кимиёвӣ дар Сурия? Чаро ҳоло? Чӣ тағир ёфт ва дар оянда чиро интизор бояд шуд?
Албатта, посух ба ин савол паҳлӯҳои гуногун дорад.
Аммо чунин ба назар мерасад, ки омили муайянкунанда ин дафъа на он қадар равобити Русия бо Ғарб, балки вазъи ҷаҳонӣ ва сиёсат ва иқтисод буд.
Зеро худи моҳияти императории Амрико ва шарикони аврупоии он дар соҳаи иктисодиёт мутамарказ шудааст — онҳо бахрабардорони асосии низоми мавҷуда ҳастанд ва аз он фоида мегиранд.
Сохторҳои молӣ ва танзимкунандаи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дигар ба шаҳрвандони худ итминон намедиҳанд, ки таварруми баланд кӯтоҳмуддат аст ва ба зудӣ ҳама чиз ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад. Занҷирҳои истеҳсолӣ ва логистикӣ канда шудаанд. Бахши энержӣ зери буҳрон қарор гирифт ва қимати нерӯи барқ рекордӣ шуд, ки бештар ба шаҳрвандон таъсир мерасонад. Коршиносони соҳаи кишоварзӣ аз пешгӯии бӯҳрони ҷаҳонии озуқа дар соли нав ба далели камбуди шадиди нуриҳо ҳушдор медиҳанд.
Воқеан, сатҳи баланди таваррум ва мушкилоти дигари дар боло зикршуда танҳо нишонаи он аст, ки ҳаҷми пули зиёде, ки ба иқтисоди ҷаҳонӣ рехтааст ва пушти он чизе нест аз назорати мақомоти танзимкунандаи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дур мондааст.
Агар ин тавр бошад, пас Русия (инчунин, Чин ва дигар қудратҳое, ки барои тағир додани низоми ҷаҳонӣ талош доранд) бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ мешаванд.
Аз як тараф, барои онҳо имкони босуръат барканор намудани Амрико аз тахти ҷаҳонӣ боз мешавад.
Зеро ҳарчанд заъифшавии Ғарб муддати тӯлонӣ идома дорад, падидаҳои бӯҳроние, ки зуҳур кардаанд, гувоҳӣ медиҳанд, ки ин раванд ба сатҳи сифатан нав гузаштааст, яъне аз фурсат истифода набурдан кори аблаҳист.
Аз тарафи дигар, вазъияти кунунӣ хатарҳоро, аз ҷумла низомиро якбора зиёд мекунад, зеро, тавре ки шумо медонед, ҳайвони ваҳшие, ки ба танги меуфтад зиёд хатарнок мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба таназзули нухбагони ғарбӣ, ки аксари онҳо шахсан бо мушкилот рӯбарӯ нашудаанд ва ба ҷуз аз мансаби ҳамвор дар курсӣ чизе намедонанд, тасмим ва иқдомҳои ошкорои нокофии онҳоро истисно кардан ғайриимкон аст.
Агар ташаббусхои Москваро ба назар гирем, маълум мешавад, ки лоиҳаҳои шартномаҳо бо Амрико ва НАТО, ки ахиран нашр шуданд, ба якбора ҳал намудани тамоми мушкилот нигаронида шудаанд.
Дар маҷмӯъ, фишори шадиди Русия дар бахши низомӣ барои сард кардани сарҳои гарми Ғарб равон шудааст