Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Моякӯбии беш аз 50 дарсади аҳолии Мастчоҳ

Наздики 55 фоизи аҳолии ноҳияи Мастчоҳ бар зидди коронавирус ваксина гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ноҳияи Мастчоҳ то имрӯз 42 176 нафар вояи якум ва 25 939 нафар вояи дуюми ваксина бар зидди коронавирусро гирифтааст, ки тибқи омори расмӣ, 54,9 дарсади аҳолии моякӯбишудаи ноҳияро дарбар мегирад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои Дилшод Гулов, директори Маркази иммунопрофилактикии ноҳияи Мастчоҳ, дар ин ноҳия 76 881 нафар қобили ваксинагирӣ аст, ки аз ин теъдод наздик ба 18 ҳазор нафари онҳо бо сабабҳои маълум ваксина гирифтан наметавонанд.

“Дар тамоми муассисаҳои тандурустии ноҳияи Мастчоҳ ҳамарӯза то ҳазор нафар моякӯбӣ мешавад. Давоми ду ҳафтаи охир гирифтани ваксина аз ҷониби аҳолӣ хеле зиёд шуд”,- таъкид кардааст Дилшод Гулов.

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ дар бораи пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки сеюми июл ба нашр расид, моякӯбии шаҳрвандони синни аз 18-сола болоро ҳатмӣ донист.
Вазорати тандурустӣ гуфт, чанд фисади аҳолии Тоҷикистон моякӯбӣ шуд
22 марти соли равон дар Тоҷикистон моякӯбии марҳилаӣ бар зидди COVID-19 оғоз ёфт.
Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Мастчоҳ барои аҳолӣ ваксинаҳои “AstraZeneca”-и истеҳсоли Ҳиндустон, “CoronaVac”-и чинӣ, “Moderna”-и амрикоӣ ва “Спутник”-и русӣ дастрас аст.
Ҳукумати маҳаллӣ зикр кардааст, ки моякӯбии аҳолӣ комилан ройгон сурат мегирад.