Воридоти техника аз Ҷопону Корея осон мешавад: вазир суди созишнома бо Покистонро гуфт

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки созишнома дар бораи ҳамлу нақл бо Покистон чӣ фоида дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон тасреҳ кард, созишнома дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ бо Покистон, ки парлумон дар ҷаласаи ахир тасвиб кард, чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад.
Азим Иброҳим мегӯяд, мақсади асосии ин созишномаи миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон пайдо намудани роҳҳои баромад ба бандарҳои баҳрӣ мебошад. Ӯ таъкид намуда, ки ин тавофуқот барои интиқолдиҳандагони бори ватанӣ имконоти васеи дастрасӣ ба ҷуғрофиёи навро фароҳам месозад.
Тоҷикистон панҷ шеваи танзими давлатии савдои хориҷиро муқаррар кард
"Аз ҷумла барои баромад ба бандарҳои Карочӣ ва Гвадари Покистон, амалӣ намудани ҳамлу нақли мултимодалӣ ва пайвастшавӣ ба Долони иқтисодии Чину Покистон мусоидат хоҳад кард", - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Иброҳим.
Ба гуфтаи вазири нақлиёт, тавофуқи мазкур барои интиқоли техникаю фанновариҳои ҷадид, қисмҳои эҳтиётию рӯғанҳои молиданӣ, ки асосан аз Ҷопон, Малайзия, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мегарданд, шароит фароҳам меорад.
Омили муҳими дигар дар он арзёбӣ шуд, ки ин як роҳи алтернативии интиқоли бор аз Тоҷикистон мебошад ва ба гуфтаи вазири нақлиёт, дар шароити ҳозира муҳим мебошад.