ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Мақомоти вилояти Тюмен кор дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва таксиҳо барои хориҷиёнеро, ки бо патент дар ин вилоят фаъолият мекунанд, манъ карданд.
Фармони дахлдорро губернатори вилоят Александр Мур имзо кардааст. Фаъолияти муҳоҷирони корӣ дар нақлиёти шаҳрию байнишаҳрӣ, таксӣ ва идораи мошинҳои боркаш аз тарафи онҳо мамнуъ шуд.
Ҳамин тариқ ширкатҳои нақлиётӣ бояд то 1 марти соли 2022 тибқи талаботи нав амал кунанд. Аз ин пеш маъмурияти ҳавзаи мухтори Ханти-Мансийск чунин тасмим гирифта буд.
Тибқи Қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ”, мақомоти минтақавӣ метавонанд ҳамасола фаъолияти муҳоҷиронеро, ки бо патент кор мекунанд, дар баъзе соҳаҳо маҳдуд кунанд.
Тибқи натоиҷи таҳқиқоти сотсиологӣ, ҳоло маоши миёнаи муҳоҷирони корӣ дар Русия тақрибан ба 50 ҳазор рубл мерасад.
Маълум шуд, ки як коргар ба ҳисоби миёна 47 ҳазору 100 сум маош мегирад. Музди миёнаи дилхоҳ, ба андешаи посухдиҳандагон, 77,200 рубл буд.
Дар ҳамин ҳол дар соли 2021 ду бор бештар шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи кор дар ин кишварро дарёфт карданд.