ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар қасри фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 115-солагии адиб ва рӯзноманигори тоҷик Тоҷӣ Усмон маҳфили илмиву адабии "Ганҷи сухан" дар мавзуи “Ҳаёт ва пайкори Тоҷӣ Усмон” баргузор шуд.
Дар ин бора Уғулой Қосидзода, котиби матбуотии ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин рӯйдоди фарҳангӣ аз ҷониби роҳбарияти маҳфили "Ганҷи сухан" дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.
Ба гуфтаи Қосидзода, дар ин маҳфил раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, нависанда, рӯзноманигор ва муҳаққиқи осори Тоҷӣ Усмон Маҷид Салим, роҳбари маҳфили илмиву адабии "Ганҷи сухан" Саидумрон Саидов ва пайвандону дӯстдорони марҳум ширкат доштанд.
"Аз хонаводаи Тоҷӣ Усмон наздик ба 50 кас дар ин маҳфил ширкат доштанд", - гуфт Қосидзода.
Маҷид Салим, муаллифи китоби “Тоҷи Усмон – Адиб ва журналисти тоҷик” зимни суханронии худ аз бузургиву созандагӣ ӯ ҳарф задааст.
Манижа Сангин, духтари Наҷиба, фарзанди Тоҷӣ Усмон аз шахсиятҳои маъруфи солҳои 30 ба 60-и асри гузашта дар Тоҷикистони Шӯравӣ аст.
Тоҷӣ Усмон (Тоҷӣ Усмонов) 12 июли соли 1906 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи чоряккор (деҳқон) ба дунё омадааст.
Ӯ соли 1926 мактаби ибтидоии зодгоҳ, соли 1927 Омӯзишгоҳи хоҷагии қишлоқи Бухоро, соли 1933 факултаи журналистикаи Университети ба номи Ленини Осиёи Миёна дар шаҳри Тошкандро хатм карда, як муддат муҳаррири “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) буд ва баъдтар бо қарори Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон сармуҳаррири рӯзномаи “Бо роҳи ленинӣ” (ҳоло “Хуҷанд”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) таъйин шуд.
Манижа Сангин, ки соли гузашта дар "Евровидения" Русияро намояндагӣ карду дар даҳгонаи беҳтарин қарор гирифт, набераи Тоҷӣ Усмон мебошад.
Аксари пайвандони Тоҷӣ Усмон аз аҳли илму адаб буда, дар тамоми самтҳои гуногуни ҷомеа кор ва фаъолият мекунанд.
Ногуфта намонад, ки пас аз хотимаи суханрониву маърузаҳо ба аҳли илму адаб ва пайвандони Тоҷӣ Усмон китоби тозанашр тақдим гардид.