Заминларза марзи Тоҷикистону Қирғизистонро такон дод

Дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон заминларзае ба шиддати 4,6 дараҷа эҳсос шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон заминларза рух дод.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Заминларза ду бор ҳис шуд.
Зилзилаи аввал соати 04:39 дақиқаи вақти маҳаллӣ бо қувваи 4,0 балл дар умқи 170 километр рух додааст.
Маркази зилзила дар масофаи 486 километр аз Тошканд, дар самти ҷанубу шарқ воқеъ будааст.
Бори дувум заминларза соати 10:42 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон рух додааст.
Ин бор лазиши замин бо қувваи 4,6 балл дар умқи 10 километр, дар масофаи 150 километр то Тошканд, дар самти ҷанубу шарқ сар задааст.
Ҳар рӯз меларзад: дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид
Ҳоло Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодааст.
Дар бораи талафот ва оқибатҳо гузориш дода нашудааст.
Ин чорумин мавриди ларзиши замин дар кишвар дар давоми моҳи ҷорӣ аст.
Сар аз аввали моҳи ҷорӣ пайи ҳам се ларзиш сабт шуда буд ва хушбахтона, дар пай хисорот надошт.
Дар моҳи гузашта олимон дар қаламрави Тоҷикистон нуҳ заминларзаро сабт карданд, ки қувваи он аз 4 балл боло буд.