ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Овозхони ҷавони тоҷик Илҳом Тагиров дар марҳилаи навбатии озмуни русии "Голос" пирӯз шуд.
Дар пахши мустақими "Шабакаи аввал"-и телевизиони Русия сарояндаи тоҷик дар даври чаҳорякниҳоии озмуни овозхонӣ ғолиб омад.
Тагиров дар ин давр таронаи машҳури Марио Биондиро "Love Is a Temple"-ро суруд. Ин суруд дар албоми "Beyond" соли 2015 суруда шудааст.
Иҷрокунанда ба унвони тахаллус номи саҳнаи падараш, сароянда Стефано Биондиро гирифтааст, ки номи аслии онҳо Ранно аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин марҳила аз ҳар мураббӣ се нафар ҳунарпешагон баромад карданд. Танҳо ду овозхон тавонистанд ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбанд.
Интихоб аз рӯи ҷамъи овозҳои тамошобинон ва фоизе, ки мураббӣ ба дастпарваронаш таъйин кардааст, сурат гирифт. Устози овозхони тоҷик Илҳом Тагиров ҳунарманди рус Дима Билан мебошад.
"Илҳом, ту шахси беҳамто ҳастӣ ва садои хеле шинохта дорӣ, аллакай як ҳунарманди хеле ҷолиб ва олӣ ҳастӣ. Ташаккур барои тавакалҳои имрӯза, ин хеле душвор ва баҳояш гарон буд", - гуфт Билан баъди ҳунарнамоии Илҳом.
Мураббӣ пеш аз намоиш ба Илҳом дастур ва маслиҳат дод, ки оромтар бошад.
Билан ба Тагиров 30 дарсади тарафдории худро дод. Тибқи натоиҷи овоздиҳии тамошобинон Илҳом, аз ҳама бештар – 40,3 дарсад овоз гирифтааст.
Дар маҷмуъ Тагиров 70,3 дарсади ороро ба даст овард. Рақибони Тагиров Эрнар Садирбоев ва Юлия Курганова буданд.
Тагиров ва овозхони қазоқ Садирбоев ба марҳилаи навбатии озмун гузаштанд. Акнун онҳо бояд дар нимфинали намоишӣ рақобат кунанд.
Қобили зикр аст, қисматҳои охирини намоиши "Голос" бидуни мураббии лоиҳа Александр Градский, ки рӯзи 28-уми ноябр даргузашт, баргузор мешавад.
Мудири кулли "Шабакаи якум" Константин Эрнст гуфт, ки ба ҷои Александр Градский дигар мураббии нав нахоҳад буд.
Тамошобинон муайян мекунанд, ки кадоме аз дастпарварони Градский ба марҳалаҳои минбаъдаи мусобиқа роҳ меёбанд.
Илҳом Тагиров 27 сол дорад ва зодаи шаҳри Турсунзода мебошад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, донанадаи чор забон - тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ аст. Тавре худаш мегӯяд, маълумоти мусиқӣ надорад ва касе аз хонаводаашон санъаткор ҳам нест.