Номаи Шӯрои олии муқовимати миллии Афғонистон ба СҲИ: Ба толибон фишор оред

Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъкид мекунад, ки толибон бо як табаддулоти тарҳрезишуда ба қудрат расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар номае ба Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ навиштааст, ки толибонро ба нишасти Покистон даъват накунад.
Ҳамзамон дар ин нома аз аъзои СҲИ даъват шудааст, ки барои ташкили ҳукумати фарогир дар Афгонистон ба толибон фишор орад.
Ҳамзамон шӯро илова кардааст, ки ба қудрат расидани толибон тарҳрезӣ шуда буд.
Ҳафтаи оянда дар Исломобод нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои исломӣ дар бораи Афғонистон баргузор мешавад, ки толибон низ ба он даъват шудаанд.
Нишасти СҲИ дар Исломобод доир мешавад: аз умеди толибон то норозигии Ҷабҳаи муқовимат
Вазъи молӣ, бонкҳо ва ба эътидол овардани равобити Афғонистон бо ҷаҳон аз ҷумлаи масоили муҳими рӯзномаи ҷаласа аст.
Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон низ қаблан дар баёнияе аз нишасти Шӯрои вазирони СҲИ истиқбол ва таъкид карда буд, ин шӯро набояд аз қонунӣ шудани низоми толибон, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст, ҳимоят кунад.
Дар изҳорот омадааст, Ҷабҳаи муқовимат бар ин назар аст, ки чунин як конфронси муҳим бояд дар ҷои дигаре ба ҷуз аз Покистон баргузор шавад, ки ба вазъи фоҷиабори Афғонистон ва ранҷу азоби мардуми он рабте надорад.
Ёдовар мешавем, Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пас аз ду моҳи забти Кобул аз ҷониби толибон эълони ҳастӣ кард.
Сайёф, Нур, Муҳаққиқ, Дӯстум, Тодинхон: иттиҳоди нави зиддитолибонӣ арзи вуҷуд кард
Ин шӯро раҳбарони сиёсии ин кишвар, аз қабили Атомуҳаммади Нур, Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Абдурашиди Дӯстум, Юнус Қонунӣ, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, Тодинхон (бародари Абдурозиқи Ачакзай), дар умум ҳудуди 20 вакили парлумони собиқ ва фармондеҳони ҷиҳодии Афғонистонро, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд, шомил мешавад.