ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо роҳбари навтаъйини намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон Егоров Алексей Сергеевич дидору мулоқот кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири тоҷик Егоров Алексей Сергеевичро барои таъйин шуданаш ба ҳайси роҳбари намояндагии Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти кориаш муваффақият хостааст.
Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизмро баррасӣ кардаанд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои муборизаи муштарак алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ изҳор доштаанд.
"Доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштаанд.