ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳодиса бо истифода аз силоҳ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рух дод, хабар медиҳад Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Гуфта мешавад, ки сабаби муноқиша сохтмон дар манотиқи наздимарзӣ дар минтақаи Кочо-Боюи вилояти Бодканд будааст.
Ба гуфтаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, марзбонони тоҷик бар ин боваранд, ки ин кор ғайриқонунӣ сурат мегирад ва дар пайи ин гуногунназарӣ байни ҳарбиён ва аҳолии осоишта задухурд ба амал омадааст.
Барои ҷилавгирӣ аз бархӯрд яке аз низомиёни тоҷик ба ҳаво чанд тири ҳушдордиҳӣ кушодааст.
Ба иттилои манбаъ, пас аз ин ҳодиса фавран мулоқоти намояндаи марзбонии Қирғизистон дар самти Бодканд бо намояндаи марзбонии Тоҷикистон дар самти Исфара сурат гирифтааст.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки тафтишоти якҷониба гузаронанд ва барои ҷамъбасти натиҷаҳо мулоқот кунанд.
Дар ҳоли ҳозир вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мӯътадил аст.
Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин ҳодиса расман изҳори назар накардааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.