ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Ширин Амонзода, вазири меҳнати Тоҷикистон зимни суханрониаш дар Форуми ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфтааст, ки ҷумҳурӣ мушкилоти мураккаби иҷтимоиву иқтисодиро паси сар карда, имрӯз ба марҳалаи сифатан нави рушди босуръат ва устувор ворид шудааст.
Вай афзуд, айни замон яке аз ҳадафҳои асосии ҳукумати кишвар татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаву ҳуҷҷатҳои консептуалие, ки дар доираи ин стратегия қабул гардидаанд, ба ҳисоб меравад.
Ширин Амонзода зикр кардааст, ки дар натиҷаи талошҳои муштараки ҳукумат ва донорҳо дар самтҳои асосии стратегӣ комёбиҳои муайян ба даст омадаанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вазорат ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҷиҳати ҷалби захираҳои иловагӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки ахиран дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид Форуми ҳамкорӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.
Дар форум таъсиси платформаи ягона барои ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва донорҳо ҷиҳати ислоҳоти соҳаҳои фаъолияти вазорат, аз ҷумла таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуғли пурмаҳсул, муҳоҷират, таълими калонсолон, инчунин таҳияи харитаи роҳи муштараки беҳтар намудани сармоягузорӣ дар самтҳои фаъолияти вазорат баррасӣ гардиданд.
Ҳадафи асосии баргузории форум густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва донорҳо мебошад.
Манбаъ илова кардааст, ки дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби иштирокдорон дар бораи ислоҳот ва рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, афзалиятҳои ислоҳоти он ва зарурати татбиқи усулҳои муосири идоракунии соҳа тавсияҳо қабул карда шуданд.