Мулоқоти сарвазири Тоҷикистон бо раҳбари "Роспотребнадзор": аз чӣ гуфтанд?

Қоҳир Расулзода гуфт, "Роспотребнадзор" дар бораи дастрас намудани маводи тиббӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нақши бориз гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Роҳбари "Роспотребнадзор" (Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва рифоҳи инсони Русия) Анна Попова бо сафари корӣ ба Душанбе омада, бо сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дидору мулоқот кард.

Мулоқоти Попова бо Расулзода

Дар суҳбат бо сарвазир аз ҷой доштани ҳамгироии нек байни Тоҷикистон ва Русия гуфта шудааст, менависад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, дар ин дидор барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва рифоҳи инсони Русия мулоҳизаҳои судманд баён шудаанд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Бонги хатари "Роспотребнадзор": Омикрон ҷаҳонро таҳдид мекунад
Ҳамчунин дар мулоқот қайд шудааст, ки "Роспотребнадзор" дар замони паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар дастрас намудани маводи тиббӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нақши бориз гузошт.

Суҳбат Попова бо Абдуллозода

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода Анна Поповаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтаааст ва аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намудааст.

"Ҷонибҳо бораи вазъи санитарию эпидемиологии кишвар, пешгирии бемориҳои сироятӣ, хосатан COVID-19 ва дигар бахшҳо мубодилаи афкор намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин ду ҷониб ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд, омадааст дар хабарномаи Вазорати тандурустӣ.
Ҳамчун арзи эҳтиром ҷонибҳо ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кардаанд.
Бояд гуфт, дар доираи сафари хеш ба Тоҷикистон роҳбари "Роспотребнадзор" Анна Попова аз як чанд озмоишгоҳҳои шаҳри Душанбе дидан хоҳад намуд.