Баъди "шикаст"- и толибон: намояндаи доимии Афғонистон дар СММ эълон шуд

Носираҳмад Фоиқ Ғуломмуҳаммад Исҳоқзайро дар мақоми намояндаи доимии Афғонистон дар Созмони Милал иваз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи истеъфои Ғуломмуҳаммади Исҳоқзай Носираҳмад Фоиқ раиси намояндаи доимии Афғонистон дар СММ таъйин шуд.
Оқои Фоиқ дар паёме дар сафҳаи худ дар "Твиттер" ин хабарро таъйид кардааст.
Вай гуфт, ин "масъулияти бузург"-ро дар шароити душвор ва ноором ба дӯш гирифтааст ва талош мекунад, то садои мардуми Афғонистонро, ки аз мизони баланди бекорӣ, гуруснагӣ, фақр, ҳавои сард ва нақзи ҳуқуқи башар азият мекашад, ба гӯши ҷаҳониён бирасонад.

"Ин масъулияти бузурги таърихиро дар ин шароити душвору ноором на ҳамчун як имтиёз, балки як қарз ва уҳдадории бузурги ватандӯстона дар хидмат ба мардуми мо ва амалӣ сохтани манофеи волои кишвари азизам медонам", - гуфтааст Фоиқ.

Қабл аз он ки намояндаи нави доимии Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид эълом шавад, Ғуломмуҳаммади Исҳоқзай, намояндаи ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз ин созмон хориҷ карда шуд.
"Шикасти толибон дар арсаи байналмилалӣ” – изҳороти Зоҳир Ағбар
Бояд гуфт, ҳукумати нави Афғонистон зери идораи толибон талош дошт, ки ин курсиро соҳиб шавад, аммо аз тарафи СММ ҷавоби рад гирифт.
Кумитаи таъйиди салоҳияти СММ дуюми декабр бо як қарор баррасии ин мавзуъро, ки чӣ касе намояндаи Афғонистон дар ин созмони байналмилалӣ хоҳад буд, ба таъхир андохта буд.